Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ёриҳои низомиаш ба Тошкандро аз сар мегирад


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Амрико таҳрими ироаи кумакҳои низомиаш ба Узбакистонро муваққатан бардоштааст. Нақши муҳими ин кишвари Осиёи Марказӣ дар амри интиқоли кумакҳо ба нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, як далели аслии чунин имтиёз барои Тошканд гуфта мешавад. Вошингтон ироаи кумакҳои низомӣ ба давлати Ислом Каримовро ҳанӯз дар соли 2003 ба маҳзи нигарониҳояш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон қатъ карда буд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, ин таҳрим алайҳи Узбакистон расман аз рӯзи 18 январ бардошта шуд: “Касе аз зарурати гуфтугӯҳои мушкил фирор карданӣ нест. Бо ин ҳама, мо ҳамчунин манфиатҳо ва чизҳои дигаре ҳам дорем, ки бояд дар равобит бо Узбакистон ҳифз кунем.”
Виктория Нуланд афзуд, лавозимоте, ки ироа хоҳанд шуд, аз ҷумла дурбинҳои шабона, ҷавшанҳо ва таҷзҳизоти GPS табиати сирф дифоъӣ доранд ва ба тавонмандиҳои Узбакистон барои муқобила бо терроризми фаромиллӣ ва таъмини амнияти масирҳои ба сӯи Афғонистон хоҳанд афзуд.
Таҳрими расондани кумакҳои низомӣ ба Узбакистон то моҳи сентябри соли 2013 мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG