Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои ронандагони маст шадидтар мешавад


Муҷозоти ронандагони маст дар Тоҷикистон шадидтар мешавад. Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси маъмурӣ тағйироте илҳоқ кард, ки барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ то 2 сол маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагиро ҳамчун муҷозот пешбинӣ мекунад. То ҳол барои ронандагони маст ҳадди аксари муҷозот 1 соли маҳрумият ё ҷарима ба маблағи аз 350 то 700 сомонӣ буд. Аз ин ба баъд онҳое, ки бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ пушти фармон мешинанд, аз 800 то 1200 сомонӣ ҷарима баста хоҳанд шуд. Бино ба омори расмӣ, тайи 10 соли охир дар 16 000 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 4500 нафар ҷон бохтаанд. Ҳар сол дар чунин садамаҳо дар ин кишвар беш аз 400 нафар ҳалок шуда, 1700 тан маъюб мешаванд.
XS
SM
MD
LG