Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як марзбон бо иттиҳоми қочоқи афюну ҳашиш


Боз як марзбони тоҷикро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти умури дохлиа, як старшина дар ноҳияи Фархор бо 1 кило афюн ва 5,5 кило ҳашиш ба даст афтодааст. Қаблан дар бораи боздошти як муовини фармондеҳи қисми низомии артиш дар ноҳияи Дарвоз хабар расида, аз он пеш як сарҳанги Кумитаи ҳолоти изтирорӣ ва ҳам Фаридун Умаров, раҳбари бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ноҳияи Фархор ва бародари муовини вазири амният бо айни иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд. Дар маҳофил мегӯянд, ки баъди як интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон як маъракаи мубориза бо қочоқбарони погондор шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG