Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори муҳоҷирони тоҷикро мехоҳанд дақиқ кунанд


Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои хориҷиро дақиқ кунанд. Чунин тавофуқ миёни Хадамоти муҳоҷират ва Ожонси омори ин кишвар ҳосил шудааст. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз мақомоти давлатӣ интиқод кард, ки ҳатто шумори воқеъии муҳоҷиронро то ҳол намедонанд. Хадамоти муҳоҷират ду моҳ пеш шумори муҳоҷирони тоҷик танҳо дар Русияро 1 миллиону 32 620 нафар баровард карда буд. Оморҳои дигар теъдоди ин мардумро аз садҳо ҳазор то 1,5 миллион нафар мегӯянд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик фақат аз Русия ба Тоҷикистон зери 3 миллиард доллар пул фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG