Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Сурия мухолифинро аз атрофи Димишқ берун мекунад


Имрӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамла ба мавқеъҳои мухолифини ҳукумат дар канори шаҳри Димишқро идома доданд.

Ба иттилои созмони дидбони ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Лондон, дар ҷараёни даргириҳо дар минтақаи Води Борад, дар наздикиҳои марзи Лубнон, дасти кам 6 тан аз низомиёни сӯи мухолифин гузашта ба ҳалокат расиданд. Бар пояи дигар хабарҳо, теъдоди кушташудагон дар ин набард 17 нафар аст.

Дар шаҳри Ҳумс дар бархӯрди ҷонибдорону мухолифони ҳукумат 8 сокини осоишта ва 15 низомӣ кушта шуданд. Се нафари дигар, аз ҷумла, як зану як тифл дар шаҳри Идлиб ҳадафи тири нерӯҳои амниятии Сурия қарор гирифтанд.

Дирӯз Аъзои Шӯрои амнияти СММ дар мавриди тарҳи қатънома оид ба вазъ дар Сурия ба созиш нарасиданд. Кишварҳои ғарбӣ аз тарҳе, ки бар пояи нақшаи Лигаи кишварҳои араб таҳия шудааст, пуштибонӣ карданд. Тибқи ин нақша, бояд раисиҷумҳур Башор Асад мақомашро тарк кунад ва дар Сурия ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шавад.

Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Башор Асад тақрибан 5-у ним ҳазор суриягиҳо ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG