Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозот барои мошинронӣ дар ҳоли мастӣ сангинтар шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҷозот барои дар ҳоли мастӣ мошин ронданро шадидтар кард.

Ба навиштаи хабаргузории Азия-плюс, Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири умури дохилии кишвар зимни суханронӣ дар назди вакилони парлумон дар ташреҳи тағйирот ба қонун гуфт, ки аз ин баъд шаҳрвандоне, ки дар ҳоли мастӣ мошин меронанд, барои ду сол аз ҳаққи рондани мошин маҳрум мешаванд. Аз ин пештар барои ин қонуншиканӣ маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ барои як сол ё ҷарима ба маблағи аз 350 то 700 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Афроде, ки бидуни санади ронандагӣ пушти фармони мошин менишинанд, аз ин баъд ба маблағи аз 800 то як ҳазору 200 сомонӣ ҷарима мешаванд.
XS
SM
MD
LG