Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Накертс: Эрон хостори ҳамкорӣ бо МАГАТЭ аст


Ҳерман Накертс
Ҳерман Накертс
Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ аз натоиҷи сафари нозиронаш ба Эрон истиқбол кард.

Ҳерман Накертс, муовини раиси МАГАТЭ ва раиси ҳайати нозирон, изҳор намуд, ки онҳо дар талоши мутмаин сохтани Теҳрон барои зарурати дарки нигаронии кишварҳои ғарбӣ ба пешрафт муваффақ шуданд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вена ӯ гуфт, ки ба назар мерасад Теҳрон хостори ҳамкорӣ бо МАГАТЭ мебошад. Муовини раиси МАГАТЭ афзуд, ки "мо хаста шудем. Тайи се рӯз мо ба таври густарда ҳама мавзӯъҳои авлотарро баррасӣ кардем ва талошамон барои ҳалли ҳама мушкилотиасосиро нишон додем. Ҷониби Эрон ҳам ин талоши худро намоиш дод. Ва аммо, албатта, бояд кори зиёдеро анҷом дод ва мо дар ояндаи наздик боз як сафарро тарҳрезӣ кардаем".

Сафари ахири нозирон ба Эрон ба хотири тафтиши гузориши моҳи ноябр таҳияшудаи МАГАТЭ буд, ки дар он ҳадс зада мешуд Эрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад.
XS
SM
MD
LG