Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исломобод гузориши НАТО-ро "соддалавҳона" номид


Ҳино Кҳар аз гузориши НАТО интиқод кард

Ҳино Кҳар аз гузориши НАТО интиқод кард

Вазорати умури хориҷии Покистон гузориши махфии НАТО-ро, ки дар он ба пуштибонии АйСиАй - Хадамоти кашфи Покистон аз Толибони Афғонистон таъкид шудааст, соддалавҳона номид.

Дар ин гузориш, ки дар борааш Би-би-си ва рӯзномаи The Times of London, хабар додаанд, гуфта шудааст, мақомоти Покистон дар бораи макони будубоши раҳбарони Толибон иттилоъ доранд.

Дар гузориш ҳамчунин ба боварии толибон барои тавоноии назорат аз болои Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 низ ишора шудааст.

Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар имрӯз баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ин санадро "майи кӯҳна дар кӯзаи кӯҳнатар" номид ва гуфт, ки "ин иттиҳомот солҳои зиёду зиёде идома доранд. Ва ҳамаи мо сабабҳои инро ҳам медонем. Сабаб ин аст, ки мо бо бозигарони дигари ҷаҳон аз замонҳои хеле ва хеле пеш барномаи муштарак дорем ва ба назар намерасад, онҳо моро аз ин пайомадҳо раҳо кунанд."

Гузориши махфии НАТО бар пояи бозпурсии чанд ҳазор аъзои асируфтодаи ҷунбиши “Толибон” ва шабакаи “Ал Қоида” аз сӯи низомиёни амрикоӣ таҳия шудаст.
XS
SM
MD
LG