Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Исломобод аз толибони афғон пуштибонӣ мекунад


Дар як гузориши махфии НАТО, ки аз сӯи низомиёни ИМА таҳия шудааст, ба пуштибонии ISI - Хадамоти кашфи Покистон аз толибони Афғонистон таъкид шудааст.

Дар ин гузориш, ки дар борааш Би-би-си ва рӯзномаи The Times of London, хабар додаанд, гуфта шудааст, мақомоти Покистон дар бораи макони будубоши раҳбарони толибон иттилоъ доранд.

Муаллифони гузориш ҳамчунин ба эътимоди толибон барои тавоноии назорат аз болои Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 низ ишора кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Покистон ин гузоришро рад кард ва изҳор намуд, ки ба умури Афғонистон дахолат намекунад.

Гузориши махфии НАТО бар пояи бозпурсии чанд ҳазор аъзои боздоштшудани ҷунбиши "Толибон" ва шабакаи "Ал-Қоида" таҳия шудаст.
XS
SM
MD
LG