Пайвандҳои дастрасӣ

Клеппер: Низои мусаллаҳона бо Эрон ногузир нест


Ҷеймс Клаппер

Ҷеймс Клаппер

Раиси Идораи миллии кашфи Амрико Ҷеймс Клаппер изҳор намуд, ки ҳанӯз имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани қазияи барномаи ҳастаии Эрон боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, бо истифода аз дипломатия ва ҳамзамон ҷорӣ кардани таҳримҳо метавон Теҳронро барои даст бардоштан аз барномаи ҳастаӣ водор сохт. Клаппер афзуд, ки дар ин мавзӯъ низои мусаллаҳона ногузир нест.

Дэвид Петреус, раиси Хадамоти Марказии кашфи Амрико, дар навбати худ эълом дошт, ки таҳримҳои ахири кишварҳои ғарбӣ ба иқтисоди Эрон таъсири ҷиддӣ кардаанд.

Амрико ва ҳампаймонҳои ғарбияш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG