Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евгений Жовтис маҳбасро тарк мекунад


Евгений Жовтис
Евгений Жовтис
Додгоҳи шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон ҳукми раҳоии ҳомии ҳуқуқи башар Евгений Жовтис бар пояи қонуни афвро содир кард.

Жовтис моҳи сентябри соли 2009 барои чаҳору ним сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Додгоҳ ӯро дар садамаи нақлиётие айбдор намуд, ки бар асари он як пиёдагард ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи Евгений Жовтис боиси сару садои зиёд шуда буд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар изҳор карда буданд, ки ҳукми додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад. Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, созмонҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ хостори раҳоии Евгений Жовтис шуда буданд.
XS
SM
MD
LG