Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ақидаи пажӯҳишгарон, ниёзи инсонҳо ба гуфтугӯ ҳамеша ҷой дошта, мушкилоти рӯзгор онро бештар мекунад.

Пол Адамс, пажӯҳишгар ва блогнависи бритониёӣ дар як мақолаи илмии худ зери унвони «Чӣ гуна ва чаро инсонҳо муошират мекунанд?» менависад, ки ниёзи инсон ба табодули иттилоъ аз ҷомеаи ибтидоӣ то кунун боқӣ монда ва коҳиш пайдо накардааст. Балки бо вориди зиндагии инсонҳо шудани фанновариҳои нав бештар шудааст. Аммо ҷолиб ин аст, гуфтугӯи миёни инсонҳо бештар баёни эҳсос аст, то чизе роҷеъ ба тавлидот ва ихтироот.

Муоширати инсонҳо пайкараи фикрии ҷомеаро шакл медиҳад, шахсияти инсонҳоро таъйид ва такмил мекунад ва адами муошират ҳам метавонад кушанда бошад. Ин се асл меҳвари муколамаи мо бо пажӯҳишгарон ва хулосаи ин гузориш аст. Бо вуҷуди пешрафт, даст ёфтан ба ихтирооти азими техникӣ, тиббӣ ва кушодани кайҳон, ниёзи инсонҳо ба муошират ва ё муколама ба ҳамон гунае, ки дар ҷомеаи ибтидоӣ вуҷуд дошт, боқӣ мондаааст.

Сайфулло Муллоҷонов, устоди ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, асли асосие, ки инсонҳоро ба муошират ниёзманд мекунад, таъйиди шахсияташон аст. Мисли он ки инсон бо нигаристан ба оина ҳар субҳ ниёз дорад, то ғуборе дар чеҳра надошта бошад, ба муомила ҳам бо ҳамнавъони худ ниёз дорад, ки шахсияти худро такмил кунад. Ва ин сабаби аслии ниёзи инсон ба муколама мебошад.

Ҷаноби Мулоҷонов мегӯяд, ҳатто олимон дар таъйиди назарияҳои собити худ, ки ҷое барои баҳс надошта бошанд ҳам, ба муошират барои гирифтани назар ва таъйиди дигарон ниёз доранд. Профессор Муллоҷонов мегӯяд, ки ниёзи инсонҳо ба якдигар барои рафъи мушкилашон онҳоро ба муошират водор мекунад ва ин муошират дар навбати худ пайкараи фикрии ҷомеаро шакл медиҳад.

Оқои Муллоҷонов мегӯяд: “Нахустин чизе, ки тавсеа медиҳад иртиботу муоширатро, ниёзи инсонҳост. Имрӯз як баҳси умда дар ин замина интернет ва фейсбук аст. Инсонҳо дар ҳамаи масъалаҳо ба муошират ниёз доранд. Ҳатто вақте, ки як режим ҳарчи қадар бадном ва мустабид ҳам набошад ,ҳама ин ҳақиқатро медонад, аммо ба хотири таъйиди фикри худаш инсонҳо дар ин бора гуфтугӯ мекунанд. Ин як чизи мусаллам аст, аммо инсон мехоҳад, ки фикри ду-се нафари дигарро дар ин бора бидонад, ки бештар итминон пайдо кунад ба андешаи худ. Ҳамин ниёзи инсон ба таъйид аст, ки муоширатро густариш медиҳад.»

Аммо адами муошират, дар инзивоъ қарор додани инсон ва маҳрум кардан аз муколама бо ҳамнавъони худ, метавонад барои инсонҳо саратонзо ва ё кушанда бошад.

Нафиса Юнусова, мудири курси равоншиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, ки маҳрум кардан аз муошират навъе аз муҷозот ва далели аҳамияти муошират барои инсон аст.

Хонум Юнусова мегӯяд: «Як ривоят аст аз император Нерон. Гуфта мешавад, ки ӯ як таҷриба амалӣ кардааст. Чил нафар кӯдаки навзодро дар як макон гирд меоранд ва ҳамаи шароитро барои онҳо муҳайё месозанд. Магар ин, ки ба момодояҳо дастур медиҳад, ки бо кӯдакон вориди муошират нашаванд. Баъд чанд вақт ҳамаи кӯдакон вафот мекунанд. Шояд ин ҳақиқат бошад ё набошад. Аммо баёнгари он аст, ки то чӣ ҳад инсон ба муошират ниёз дорад.»

Профессор Юнусова меафзояд, ҳамон гуна, ки ниёзи инсон ба муколама ва муошират мисли ҷомеаи ибтидоӣ боқӣ мондааст, бо вуҷуди пешрафти воситаҳои техникӣ, аз ҷумла интернет, наметавонад, ҷои муколамаи зинда ва ҳузуриро бигирад.

Хонум Юнусова мегӯяд: «Ба наздикӣ як ихтироъ сурат гирифт, гаҳвораи электронӣ. Ман бовар дорам, ки ин гаҳвора ҷои ҳаргиз муоширати зиндаи модару кӯдакро иваз карда наметавонад.»

Ба ҳар ҳол, донишмандон ба ин боваранд, ки инсонҳо зимни муошират умдатан ба баёни эҳсоси худ мепардозанд. Ва мушкили худро баён мекунанд ва ба ин тартиб содагӣ ё кушоишеро дар кори худ эҳсос менамоянд.

Пажӯҳишгари бритониёӣ менависад, ки инсонҳо ҳудуди 27 дарсади вақти худро бо ҳамсаронашон, 25 дарсадро бо аъзои дигари хонавода, 10 дарсад бо дӯсти наздик ва боқимондаро бо дигарон сарфи муошират мекунанд. Ва акнун ҳудуди 30 дарсади вақти муоширатро инсонҳо дар торнамоҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд.

Муошират инсонҳоро наздик мекунад, фикрҳоро шакл медиҳад ва инсонҳо ба воситаи он роҳе барои худ меҷӯянд ва ҳатто наҷоти худро дар он мебинанд. Аммо касоне, ки бештар аз ҳама аз густариши муоширати миёни инсонҳо, хоса тавассути воситаҳои муосири муошират, шабакаҳои иҷтимоӣ метарсанд, режимҳои худкома мебошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG