Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Екатеринбург боиси ҳалокати ду тоҷик шуд


Сӯхтор дар шаҳри Екатеринбурги Русия боиси ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон шуд.

Хабаргузории Азия плюс бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон итилоъ додааст, ки аҷсоди сокини деҳаи Исроилободи ноҳияи Ваҳдат Акмал Бӯриев ва сокини деҳаи Қизил Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён Зокирҷон Раҳимов субҳи рӯзи сешанбе баъд аз хомӯш кардани сӯхтор дар як манзили зист дар шаҳри Екатеринбург ошкор гардид. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шурӯъ шудааст.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом дошт, ки дар тафтиши ин фоҷиа кӯмак мекунад ва барои ба ватан интиқол додани ҷасадҳо чораҳои заруриро меандешад.
XS
SM
MD
LG