Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Кобулу Вошингтон бо Ҳизби исломии Афғонистон


Бархе аз толибон силоҳ ба замин гузоштанд
Бархе аз толибон силоҳ ба замин гузоштанд
Ҳизби исломии Афғонистон баргузории музокирот бо намояндагони ҳукумати Афғонистонро тайид кард.

Ғайтар Боҳир, раҳбари ҳайат ва домоди раҳбари ин ҳизб Гулбиддин Ҳикматёр, изҳор намуд, ки дар гуфтушунид дар шаҳри Кобул ҳамчунин раиси Хадамоти марказии кашфи ИМА Дэвид Петреус, сафири Амрико дар Афғонистон Райан Крокер, намояндагони вазорати дифои Амрико ва нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон ширкат доранд.

Ӯ афзуд, ки "музокирот миёни гурӯҳҳои гуногуни манфиатдори низоъ дар Афғонистон идома меёбад. Амрикоиҳо дар Қатар бо "Толибон" ва дар Кобул бо мо муколама мекунанд. Мо бо раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ҳам чанд мулоқот доштем. Ин гуфтушунидҳо муқаддамотиянд".

Боҳир ҳузури низомиёни хориҷиро монеъаи аслӣ дар роҳи расидан ба созиши сулҳ дар кишвар номид. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Қонуни асосии Афғонистон нуктаҳои зиёди зидуннақиз дорад ва бештари аҳолии кишвар аз он пуштибонӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG