Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Овозаҳо дару дарвоза надоранд, аммо..."


Шабзиндадории душанбегиён бо шунидани овозаи заминларза дар 9-уми январи соли 2009.
Шабзиндадории душанбегиён бо шунидани овозаи заминларза дар 9-уми январи соли 2009.

Овоза хабари тасдиқнашудаест, ки бо гузаштан аз даҳон ба даҳон бузургтар шуда, сарчашмаи он пинҳон мемонад.

Овоза метавонад, ба инсон осеб расонад, вале ҳамзамон имкон дорад, ӯро машҳуру матлуб кунад. Ба андешаи ҷомеашиносон, овозапароканӣ ё пахши овоза як амали маъмулист ва на ҳамеша мӯҳтавои манфӣ дорад.

Танзнависи машҳури лаҳистонӣ Станислав Ежи Летс гуфтааст, "агар машҳур шудан хоҳед, дар бораи худ овоза паҳн кунед..." Ҷомеашиносон овозаҳоро ба чанд навъ раддабандӣ кардаанд: овозаҳои тафреҳӣ аз зиндагии ситораҳо ва мардуми саршинос, овозаҳои иҷтимоӣ -- аз қабили боло рафтани нарху наво ва расидани селу хушксол, овозаҳои сиёсӣ -- аз қабили ба истеъфо рафтани сиёсатмадорон ва овозаҳои амниятӣ -- ҳамла, ошӯб, табаддулот ва ғайра. Дар ҷомеаи Тоҷикистон гоҳо овозаҳое низ паҳн мешаванд, ки тарсу ҳаросро афзун ва зиндагии ороми сокинонро халалдор мекунанд.

Овоза ҳамчунин метавонад, навиди хабар ё воқеае бошад ва ба бовари пажӯҳишгарон, аксари мақолаҳои рӯзномаҳо, ки баъдан таҳаввулоте ба бор меоранд, маҳз ба шарофати овозаҳо пайдо мешаванд. Ба андешаи таҳлилгарон, дар ҷомеае, ки матбуоташ зери фишор аст ва мақомоту масъулон на ҳамеша ошкоро аз масоили муҳиму доғ ҷомеаро дар ҷараён мегузоранд, дар ин гуна ҳолатҳо мавқеи овоза баландтар мешавад ва мардум холигоҳи итилоотиро бо овозаҳои шунидаашон пур мекунанд. Эҳтимол меравад, таъсири чунин овозаҳо аз шадидлаҳнтарин мақолаҳои матбуот низ қавитар ва амиқтар бошад.

Ба овозаҳо бовар мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
Линки мустақим

Дар ин гуфтугӯ ҳамсӯҳбатони мо назари худро ба овозаҳо баён карданд. Оё Шумо низ дар ин бобат гуфтание доред? Чизе буд, ки дар сӯҳбати онҳо гуфта нашуд, аммо аз нигоҳи Шумо барои рӯшан кардани мавзӯъ муҳим аст? Аслан, худи Шумо ба овозаҳо бовар доред?
XS
SM
MD
LG