Пайвандҳои дастрасӣ

Телефони боварӣ. Мешавад «бовар» кард?


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хотири тамоси мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод, телефони боварӣ ташкил додааст.

Телефони боварии ҷадиди Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе 221-21-21 ба фарқ аз телефонҳои дигари боварии ин вазорат дар он аст, ки арзу шикоятҳои мардум бевосита ба вазири ин ниҳод расонида хоҳанд шуд.

Афсари Вазорати умумри дохила ва масъули телефони боварӣ Умаралӣ Бадриддинов мегӯяд: «Шумораи ин телефон 221-21-21 буда, сокинон аз тамоми манотиқи кишвар метавонанд, тамос гиранд ва арзи худро расонанд. Пас аз дарёфти шикоятҳо, ҳамаи арзу дод рӯи варақ навишта шуда ҳар субҳ дар соати 7 ба вазир расонида мешавад. Шахси вазир бевосита барои ҳалли ин масъалаҳо машғул мешавад. То кунун чунин рақами боварӣ ба ин шакли хизматрасонӣ вучуд надошт.»

Умаралӣ Бадриддинов меафзояд, ки танҳо дар вақти субҳ ва нисфирӯзӣ, яъне дар вақти ношто танаффуси кутоҳ мешавад ва дигар 24 соат ин рақам фаъол хоҳад буд. Ҳар шабонрӯз як афсари умури дохила навбатдори ин ин телефон таъйин мешавад. Вай меафзояд, ки ҳангоми тамос зарур нест, ки шаҳрванд ному насаби худро бигӯяд ва танҳо маълумоти дақиқ ироа намояд кифоя аст.

Зулфиқори Исмоилиён

Зулфиқори Исмоилиён

Барои озмоиши рақами боварии Вазорати умури дохилӣ, ҳамкорам Зулфиқори Исмоилиён дар масъалаи бедодии милисаҳо дар мавриди барчидани рақамҳои мошинҳо дар назди манзилҳои зист бо ҳамин рақам тамос гирифт. Ва фардо субҳ аз бахши амнияти Вазорати умури дохилӣ дар тамос шуданд ва хоҳиш намуданд, ки барои ҳалли масъала якҷоя ҷораҷӯӣ карда шавад.

«Дафтари матбуоти вазорат гуфт, ки агар хоҳӣ ба ин масъала мавқеи масъулони вазоратро бифаҳмӣ, бо ҳамин рақам 221 21 21 тамос гир. Баъди муроҷиати ман, субҳи дигар аз Бахши амнияти вазорат бо ман дар тамос шуданд ва гуфтанд, ки ин масъаларо чораҷӯӣ хоҳанд кард.»

Мавҷудияти телефони боварӣ натанҳо барои шунидани арзу доди мардуми кишвар аст, балки хабарҳои муҳими амниятие, ки ба вазъи бехатарии кишвар дахл доранд, дар баъзе ҳолатҳо аз тариқи телефони бовари расонида мешаванд.

Полковники умури дохила Абдуқодир Қосимов, ки ҳоло бознишаста аст, аз ин иқдоми Вазорати умури дохила истиқбол мекунад, вале мегӯяд, ки омадани чеҳраҳои тоза дар вазорати умури дохила ва шеваҳои ҷадиди кор дар амри тартибу низом дар ҷомеа набояд муваққатӣ ва як намоиш бошад:

«Омадани сардори нав ба ин вазорат тарзе, ки мардум мегӯянд, ки «ҷорӯби нав равиши дигар дорад» бояд ҳақиқӣ кор кунанд. Ва ин телефони боварӣ, ки ташкил додаанд, бояд возеҳ ва ба арзу доди мардум ҷиддӣ расанд.»

Рӯзноманигори тоҷик Далери Ғуфрон бар ин назар аст, ки баъзе аз вазирони пешин ба хотири ҳимоя аз «Честь мундира» ё шарафи милиса аз ҳар гуна амали ношоистаи кормандони худ, ки дар баъзе ҳолатҳо ба марги шаҳрвандон анҷомидааст, пуштибонӣ мекарданд ва ё кӯшиш мекарданд, ки ҳодисаҳоро пинҳон доранд.
Ҳоло агар ба арзу шикояти мардум аз тариқи телефони боварӣ чунин муносибат карда шавад, дигар эътимоди мардум бармегардад:

«Масалан вақте, ки ман ба ин телефони боварӣ муроҷат кардаму натиҷа надод, ҳатман дар матбуот менависам, ки бенатиҷа аст. Яъне боварибахшии ин рақамро ба омма бояд нишон дод, ки то кадом андоза муассир аст.»

Рӯзноманигор Далери Ғуфрон пешниҳод мекунад, ки бар изофаи ин рақам, агар ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ барои ҳарчӣ зудтар огоҳ шудан ва расидагӣ кардан ба арзу доди мардум як рақами муштараки боварӣ созмон диҳанд, беҳтар мебуд.

Ҳарчанд чунин рақами боварие, ки арзи мардумро ба шахси вазир расонад дар дигар вазоратҳо дида намешавад, вале намешавад интизор дошт, ин шумораи телефонӣ боварӣ барои муддати зиёд фаъол бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG