Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон пайрави шинохтаи як бовари тоисломиро бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмиву мазҳабӣ ба додгоҳ кашондаанд.

Айбномаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон алайҳи Кубаничбек Тезекбоев бар асоси арзёбии Кумитаи дин аст, ки дар сӯҳбатҳои матбуотии ӯ аломатҳои барангехтани адовати қавмиву мазҳабиро дидааст. Тезекбоев дар моҳи июни соли гузашта дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, аксари муллоҳои қирғиз дар гузашта шаробхору қотил буданд, ки гузаштаи сиёҳи худро пинҳон мекунанд. Агар додгоҳ ин иттиҳомро ба гардани Кубаничбек Тезекбоев дайн кунад, ӯро то 5 сол ҳукми зиндон дар пеш аст. Ҳукми Тезекбоев бояд имрӯз -якуми феврал содир шавад.

Тезекбоев, ки асосгузори мактаби варзиши миллии “Тай тебиш” аст, эътироф мекунад, ки дар қиболи рӯҳониён аз чунин алфоз истифода бурда буд, вале мегӯяд, қасди доман задани адовати мазҳабиро аслан дар сар надошт. Ӯ ахиран дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ гуфт: “Ман гуфтам, ки дар байни муллоҳо шаробхорону ҷинояткорони собиқе зиёд роҳ ёфтаанд, ки дар вақташ одам мекуштанд ва акнун Ҳоҷӣ шудаанд.”

Кубаничбек Тезекбоев мӯътақид аст, ки маҳз ба далели пайравиаш ба бовари Тенгрӣ, ҳадафи таъқиб қарор гирифтааст.

ХУДОИ ОСМОНҲОИ МАРДУМИ КӮЧӢ

Додгоҳи ӯ баҳсҳоро пиромуни Тенгрӣ, ки дар бовари мардумони кӯчии муғулу туркзабон Худои осмонҳост, доғ кардаст. Қирғизҳо низ то омадани Ислом ба ҳамин Худо бовар доштанд ва ин бовар, ки меҳвараш камоли ҳамзистӣ бо табиат аст, ҳолиё дар Қирғизистон зоҳиран аз дигар эҳё мешавад. Ба сурати умум, пайравони Тенгриро дар ин кишвар таҳаммул мекунанд, вале афзоиши таваҷҷӯҳ ба ин бовари тоисломӣ мояи нороҳатиҳое дар байни уламои исломӣ шудааст.

Кубаничбек Тезекбоев аз мунтақидони тунди афзоиши нуфузи Ислом буда, исломишавии ба хусус насли ҷавонро таҳдид ба ояндаи Қирғизистон мешуморад. Ӯ худро “нимамусулмон” хонда, алайҳи риш дароз кардани ҷавонон ва ҳиҷоб пӯшидани баъзе занони қирғиз аст: “Ман худ мусулмонам, яъне нимамусулмон. Ман тамоми фароизи Исломро риоя намекунам, фақат баъзеашро. Ман қирғизи комилам.”

Тезекбоев мегӯяд, имкон дорад, ки як нафар дар як вақт ҳам мусалмон ва ҳам пайрави Тенгрӣ бошад ва аксари мардум дар Қирғизистон чунин мекунанд.

Гулоим Ашекеева, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ба фарқ аз ҷануби Қирғизистон, ки аҳолиаш исломитар аст, дар шимоли кишвар мардум бештар аз русуми бовар ба Тенгрӣ муроот мекунанд, то аз фарзу суннатҳои дини Ислом: “Ман дар шимол ба воя расидам, ки зиёд мазҳабӣ набуду нест. Волидонам дар аҳди Шӯравӣ ҳам моро тарбия медоданд, ки муҳимтарин ва наздиктарин Худои мо Иссиқкӯл аст. Ва вақте ман ба сафари хориҷа мерафтам, маро ба соҳили Иссиқкӯл мебурданд, ки аз ин кӯли муқаддас дуо ва фотеҳаи роҳ бигир. Ва вақте баргаштам, боз ҳам рафтем ба лаби Иссиқкӯл, ки ба обҳои муқаддасаш салом диҳему хабараш диҳем, ки фарзандат аз мусофират боз ба пеши ту баргашт. “

БОВАРЕ КИ НА МУЛЛО ДОРАДУ НА МАСҶИД

Бино ба ҳисобҳо, шумори пайравони Тенгрӣ дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба тақрибан 5000 нафар мерасад. Аммо Достон Саригулов, вакили собиқи парлумон, ки гурӯҳеро бо номи “Тенгрӣ Ӯрда” таъсис дода, худро раҳбари ҷунбиши пайравони Тенгрӣ меномад, иддао дорад, ки 60 дарсад аз сокинони рустоҳои Қирғизистон ба Тенгрӣ эътиқод доранд ваё дастикам баъзе расму русум ва арзишҳои марбут ба ин боварро то ҳол иҷро мекунанд.

Саригулов мегӯяд, ҳадафи онҳо таблиғи арзишҳои ин бовар ҳамчун як ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагист, на ҳамчун як дин. Ба гуфтаи ӯ, ин бовар на китоби муқаддас дорад, на мулло ва на паёмбар: “Аввалан, бовар ба Тенгрӣ дин нест. Сониян, фақат як ҷаҳонбинист ва пасон як тарзи зиндагӣ. Пайравони Тенгрӣ ягон китоби муқаддас надоранд, вале тамоми фармудаҳои маънавиву ахлоқии динҳои бузурги дунёро муроот мекунанд.”

Гулоим Ашекеева мегӯяд, ба Худои осмонҳо дар Қирғизистон бештар аҳли зиё таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд. Аз як сӯ, ба далели гиреҳи фаровоне, ки дар арзишу муқаддасоти миллии мардуми қирғиз, аз ҷумла Манас, Иссиқкӯл, кӯҳи Алатов ва амсоли ин дорад. Аммо аз сӯи дигар: “Ин як бовари хеле либералист, ки на чизеро манъ мекунаду на чизеро фарз мегардонад. На китоб дорад, на рӯза ва на намози ҳатмии ҳаррӯза. На масҷид бояд рафт ва на ба калисо. Хеле озод аст ва аз ин рӯ, мардум онро ба осонӣ ба як тарзи зиндагии ҳаррӯза ва ҷаҳонбинии ҳаррӯзаи худ табдил медиҳанд. Мардум ҳар вақте дилаш хост, намозашро мехонад ва он ҳам бо забони барояш фаҳмои қирғизӣ. Тенгризм ягон фарзу ягон чорчӯб надорад.”

Муфтиёти Қирғизистон то ҳол ба мавҷи талошҳо барои эҳёи ин бовар вокунише нишон надодааст. Аммо баъзе рӯҳониёни қирғиз пайравони ин бовари, ба ақидаи онҳо, ботилшударо ба таблиғи бисёрхудоӣ, ки мухолифи таълимоти исломист, айбдор мекунанд. Шамсиддин Абдулхолиқ, ки “Қуръон”-ро ба қирғизӣ тарҷума кардааст, мегӯяд, “Тенгрӣ дини қадим аст ва кас наметавонад дар як вақт ҳам мусалмон бошад ва ҳам пайрави ин бовар.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG