Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқия ба парлумон баргашт


Вакилони парлумони Ироқ аз эътилофи Ироқия ба бойкоти кори маҷлис поён доданд. Аммо 9 узви кобина аз ин эътилоф ҳамчунон дар ҷаласаи кобина ширкат нахоҳанд кард. Ироқия аз моҳи декабр дар пайи ба раҳбарии гурӯҳи қотилон айбдор шудани ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ кори парлумонро бойкот кард. Ҳошимӣ ин иттиҳомро радд карда, ба Курдистони Ироқ паноҳ бурдааст. ВУД Ироқ гуфт, 16 муҳофизи Ҳошимиро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG