Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии хунин дар минтақаи қабиланишини Куррам


Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, баъд аз нимашаби сешанбе беш аз 300 ҷангии Толибон ба як посгоҳи низомӣ дар минтақаи қабиланишини Куррам ҳамла оварданд ва дар натиҷаи задухӯрд 10 сарбоз ва дастикам 40 чирикӣ кушта шуданд. Гуфта мешавад, Толибон қасд дошт як қуллаи муҳим дар мавзеъи Ҷӯгикалонро таҳти назорат биорад, то масири интиқоли ҷангиён ба Вазиристони шимоливу ба Афғонистонро дар ихтиёр дошта бошад. Нирӯҳои Покистон ин қулларо ҳамагӣ ҳафтае пеш ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG