Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобоварии 80 фоизи афғонҳо ба пулиси миллӣ


Бар асоси натоиҷи назарсанҷии СММ, 80 дарсади афғонҳо ба омодагии пулиси афғон ба таъмини амният ва назм шакк доштаанд. 68 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, нирӯҳои хориҷӣ бояд феълан дар Афғонистон бимонанд. Натоиҷи ин назархоҳӣ ташвишҳо пиромуни хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014-ро бармало мекунад. Гузориш мегӯяд, фасод дар пулис як мояи аслии нигаронии афғонҳо боқх мемонад. Мояҳои дигари ташвиши мардум бадрафториҳои пулис, аз ҷумла зӯргӯиву шиканҷа ва парвандаҳои сохта будааст.
XS
SM
MD
LG