Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони ҳастаии СММ аз Эрон бармегарданд


Ҳерман Накартс, раҳбари ҳайъати нозирони ҳастаии СММ дар Эрон

Ҳерман Накартс, раҳбари ҳайъати нозирони ҳастаии СММ дар Эрон

Музокироти серӯзаи ҳайъати Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ бо мақомоти Эрон зоҳиран бидуни пешрафте дар амри рафъи танишҳои бархоста бар сари барномаи ҳастаии Эрон анҷом ёфт. Матбуоти Эрон мегӯяд, ду ҷониб ҷиҳати музокироти бештар тавофуқ бастанд, вале бидуни эълони таърихи ин даври музокирот. Хабаргузории Форс музокиротро “созанда” унвон кард, вале ИСНО мегӯяд, нозирон аз ягон таъсисоти ҳастаии Эрон дидан накарданд. Интизор меравад, ин ҳайъат субҳи чоршанбе ба Вена баргардад. Ин сафар дар ҳоле анҷом шуд, ки Ожонси нирӯи ҳастаӣ дар гузориши моҳи ноябраш ҳадс зада буд, ки бархе ҷанбаҳои барномаи ҳастаии Эрон шояд табиати низомӣ дошта бошад. Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG