Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти СММ натоиҷи кори ҳайъати нозирони Лигаи Араб дар Сурияро мешунавад. Дар ин Шӯро дабири кулли Лигаи Араб Набил Арабӣ ва сарвазири Қатар Шайх Ҳамад Ал-Занӣ суханронӣ карданд. Вузарои хориҷаи Амрикову Бритониё ва Фаронса низ ба хотири ҳимоят аз тарҳи қатъномаи аз сӯи Лигаи Араб таҳияшуда дар ин ҷаласаи Шӯрои Амният ҳузур доранд. Тарҳи мазкур ба интиқоли қудрат дар Сурия даъват мекунад. Аммо Русия, ки соҳиби ҳаққи ветост, мухолифи ин тарҳ мебошад. Сафири Русия Виталий Чуркин гуфт, Маскав аз қатъномае, ки ба табдили режими Башор Асад даъват кунад, ҳимоят нахоҳад кард. СММ мегӯяд, тайи 10 моҳи эътирозҳо дар Сурия 5400 кас кушта шуданд. Дипломатҳои ғарбӣ умедворанд, ки раъйгирии қатънома ҳамин ҳафта доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG