Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавлиди газ дар Тоҷикистон 10 фоиз коҳиш ёфтааст


Тавлиди гази табиӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта 10,4 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 18,8 миллион метри мукаабро ташкил додааст. Бино ба хабари “Азия Плюс”, тибқи нақша, мебоист дар соли 2011 дар кишвар беш аз 24 миллион метри мукааб газ истихроҷ мешуд. Аммо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон соли гузашта 1 500 тонна афзуда, қариб 29 000 тонна шудааст. Ба гуфтаи мақомоти вазорати иқтисоди Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 145 чоҳи нафт ва 11 чоҳи газ мавриди баҳрабардорӣ қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG