Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди машрубот 10 маротиба коҳиш ёфтааст


“Ховар”- хабаргузории расмии Тоҷикистон мегӯяд, тавлиди машрубот дар ин кишвар баъди суқути Шӯравӣ 10 маротиба коҳиш ёфта, бозори маҳаллиро асосан машруботи сохти Русия пур мекунад. “Ховар” бо истинод ба омори Бонки ҷаҳонӣ менависад, ки истеъмоли солонаи машрубот ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистону Узбакистон ва Туркия ҳамагӣ 2 литрро ташкил медиҳад, ки пойинтарин дар дунёст. Гароиши мардум ба арзишҳои мазҳабӣ як омили умдаи коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG