Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Бан Ки Мун аз Шӯрои Амният роҷеъ ба Сурия


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ мегӯяд, Шӯрои Амният бояд ихтилофот роҷеъ ба нақшаҳои Ҷомеаи Арабро дар мавриди қатъи нооромиҳо дар Сурия рафъ созад. Бан Ки Мун ин нуктаро рӯзи сешанбе қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои Амният изҳор дошт. Интизор меравад, ки Русия ба қатъномаи Сурия вето гузорад. Оқои Бан дар ин бора гуфт:

“Ман самимона мехоҳам, ки дар ин ҷаласа намояндагони сатҳи баланд, аз ҷумла вазирони корҳои хориҷаи баъзе кишварҳо ширкат ҷӯянд. Ин фурсати хубест барои пур кардани холигоҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва пайдо кардани роҳи ҳали бӯҳрон”.

Дар матни қатъномаи Шӯрои Амният аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия тақозо шудааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва салоҳиятҳои худро пурра ба муовини худ супорад.
XS
SM
MD
LG