Пайвандҳои дастрасӣ

Бекорӣ дар қаламрави евро ба мизони рекордӣ расидааст


Омори расмии Иттиҳодияи Аврупо нишон медиҳад, ки бекорӣ дар 17 кишвари қаламрави пули евро ба 10,4 дарсад расидааст ва он аз соли 1999, яъне аз соли ба истифода даромадани пули евро болотарин рақам будааст. Евростат гузориш додааст, ки дар поёни соли 2011 шумораи бекорон дар кишварҳои истифодакунандаи евро 16,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Испания бо 22,9 дарсад бекорӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Шумораи бекорон дар Юнон 19,2 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Австрия дар Иттиҳодияи Аврупо камтарин шумораи бекоронро дорад ва ин нишондод 4,1 дарсад будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG