Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои камназири сард ва даргузашти даҳҳо нафар дар Аврупо


Дар Аврупои шарқӣ ва марказӣ аз сармо даҳҳо нафар ҷон додаанд. Бино ба гузоришҳо, дар Украина дар 5 рӯзи ахир 30 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шаби гузашта ҳарорат дар Полша 30 дараҷа поёни сифр рафт ва пулис ҷасади 5 нафарро пайдо кард ва бад-ин тариқ шумораи ҷондодагон ба 27 нафар расид. Ҳамчунин шаби гузашта дар Руминия 2 нафар ҷон дод. 18 шаҳри Булғористон, аз ҷумла София, гузориш додаанд, ки дар 100 соли ахир ҳарорат ба ин андоза поён нарафта будааст. Оби рӯдхонаи Дунай ях бастааст ва барои киштиронӣ хатарнок шудааст.
XS
SM
MD
LG