Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қатъномаи "Барои интихоботи одилона" таъйид шуд


Имрӯз дар Маскав дар ҷаласаи кумитаи ташкилии “Барои интихоботи одилона” тарҳи қатъномае, ки бояд дар тазоҳуроти эътирозии 4 феврал ба тасвиб расад, мавриди ҳимоят қарор гирифт. Дар он бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порламонӣ ва истеъфои Владимир Чуров-раиси кумиссиюни марказии интихоботӣ матраҳ шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки дар ин тазоҳурот Гиргорий Явлинский-муассиси «Яблока», Геннадий Зюганов-раиси ҳизби куммунисти Русия ва Сергей Миронов-раиси ҳизби «Справедливая Россия» суханронӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG