Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Узбакистон роҷеъ ба роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг


Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон изҳороте нашр ва дар он гуфтааст, вагонҳои бору колои Тоҷикистонро, ки баъд аз тахриби пули роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг барои вилояти Хатлон ҷамъ шуда буданд, ба роҳи оҳани минтақаи марзии Қудуқлӣ фиристодааст ва аз ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон хостааст, ки аз ин роҳ вагонҳои худро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Вале ба сабабҳои номаълум ин корро ҷониби Тоҷикистон ба таъхир меандозад. Дар ин изҳороти матбуотӣ омадааст, ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон мунтазам ба раҳбарони роҳи оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ аз таъхири интиқоли ин вагонҳо шикоят мебарад, то ба эътибори «Узбекистон темир йуллари» латма занад. То ҳол аз ҷониби Тоҷикистон ба ин изҳорот вокуниш нишон надодаанд. Роҳи оҳани қисмати Ғалаба-Амузанг аз 16 ноябри соли 2010 баста аст.
XS
SM
MD
LG