Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенкоро пизишкони байналмиллалиӣ муоина мекунанд


Юлия Тимошенко

Вазорати корҳои хориҷаи Украина гуфтааст, ки феҳристи табибони байналмиллалиро таҳия кардааст ва онҳоро даъват хоҳад кард, то ба таври мустақил муоинаи тиббии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонии ин кишварро анҷом диҳанд. Мақомоти зиндон мегӯянд, табибон аз Канадаву Олмон ва Кумитаи байналмиллалии Ҳилоли Аҳмар саломатии Тимошенкоро муоина хоҳанд кард. Барои ин муоина таърихи рӯзеро таин накардаанд. Юлия Тимошенко аз моҳи октябри соли гузашта дар зиндон ба сар мебарад ва барои 7 сол маҳкум шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG