Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз се ду ҳиссаи сокинон мегӯянд, Путин пирӯз мешавад


Бино ба натиҷаҳои назархоҳии як ожонси давлатии назарсанҷии Русия, 65 дарсади назардиҳандагон бовар доранд, ки Владимир Путин- нахуствазири ин кишвар 4 март дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз мешавад. Маркази сартосарии Русия барои омӯзиши афкори иҷтимоӣ гузориш додааст, ки ба ақидаи 19 дарсади назардиҳандагон дар даври аввал касе пирӯз намешавад ва интихобот ба даври дуввум меравад. Дар назархоҳие, ки дар авоили моҳи январ ожонси мустақили Левада анҷом дода буд, 36 дарсади райдиҳандагон гуфта буданд, ки ба ҷонибдорӣ аз Путин рай медиҳанд. Баъд аз интихоботи порламонии моҳи декабр дар Русия як силсила тазоҳуроти мардумии эътирозӣ барпо шудааст.
XS
SM
MD
LG