Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмҳои «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон ба ниҳодҳои марбутаи роҳи оҳани кишварҳои ИДМ мояи нигаронии Узбакистон шудааст.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон зимни шарҳи вазъияти қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг» гуфтааст, ки «Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳадафи коҳиш додани нуфузи ширкати «Узбакистон темур йуллари» ва ҷумҳурии Узбакистон, ба таври доимӣ унвонии раҳбарияти роҳи оҳани кишварҳои ИДМ ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан дар мавриди таъхир дар интиқоли вагонҳои бор тавассути Роҳи Оҳани Узбакистон маълумот ирсол медорад.»

Дар ин иттилоия, ки тавассути сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе пахш шудааст, омадааст, ки «бо назардошти он, ки умури барқарорсозии пули тахрибшуда дар қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба- Амузанг» фурсати зиёдеро тақозо мекунад, ҷониби «Узбакистон темур йуллари» ба ширкати «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон борҳо пешниҳод кардааст, ки омодааст, то вагонҳои бор барои вилояти Хатлонро тариқи қитъаи роҳи Душанбе интиқол бидиҳад. Ҳатто ҳамаи ин вагонҳо дар истгоҳи «Кудукли», ки вагонҳои самти Душанберо интиқол медиҳанд, мустақар карда шуданд.»

Афзун бар ин, ба таъкиди ҷониби Узбакистон «дар ҳамкорӣ бо дархости соҳибони вагонҳо Роҳи оҳани Узбакистон то 28 январи соли 2012, 97 вагони самти вилояти Хатлонро тариқи истгоҳи Душанбе интиқол додааст, ки 22 вагони он кӯмакҳои башардӯстонаи Барномаи ғазои СММ ҳастанд.»

Ҳамакунун ҷониби Узбакистон мавзӯи интиқоли 265 вагони боқимонда аз тариқи масири Душанберо бо соҳибони онҳо ва ширкати «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон матраҳ дорад.

Аммо бо ин ҳам он чӣ мояи тааҷҷуби ҷониби Узбакистон шудааст, ин аст, ки бо вуҷуди иқдомот дар ин замина, кормандони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон бо нақзи талаботи Созишнома дар бораи иртибототи байналмилалии қатораҳои мусофирбар аз моҳи декабри соли гузашта, қабули 11 вагон масолеҳи нафтӣ, 10 вагон маводи ғизоӣ ва 1 вагон материалҳои дигаррро тавассути самти Душанбе иҷозаи вуруд намедиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Узбакистон, соҳибони вагонҳо аз Русия ва Қазоқистон барои интиқоли он бо тариқи қитъаи Душанбе розӣ ҳастанд.

Ба ин тартиб ҷониби Узбакистон идао дорад, ки ҷамъ шудани вагонҳои зиёд дар истгоҳи Кудукли ба самти Душанбе, мушкилотеро барои ҳаракати бонизоми қаторҳои борбар ба бор меорад.

Вазорати хориҷии Узбакистон дар ин иттилоияи худ сабаби то ҳол дуруст нашудани қитъаи роҳи оҳани тахрибшудаи «Ғалаба - Амузанг»-ро ба шароити номусоиди ҳавои зимистон марбут донистааст.

Ин дар ҳолест, ки ширкати «Роҳи Оҳан» -и Тоҷикистон борҳо ба ҷониби Узбакистон пешниҳод карда буд, ки омодааст, ин қитъаи роҳро аз ҳисоби захоири молии худ бозсозӣ кунад, аммо ҷониби Узабкистон ба ин дархост посухе надоданд.

Бо ин ҳам масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон бастани роҳи оҳан тавассути Узбакистонро ангезаи сиёсӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ин амал ҷуз муҳосираи иқтисодӣ чизи дигаре нест. Масъулони Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли вагонҳои самти Хатлон тариқи истгоҳи Душанбе имкон надорад, чун ин мушкилоти фаровонеро ба бор меорад.

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳан, «истгоҳи Душанбе ин тавонро надорад ва мо наметавонем вагонҳои зиёдеро дар самти пойтахти Тоҷикистон ҷо диҳем. Аз сӯи дигар, интиқоли онҳо ба вилояти Хатлон низ мушкилоти зиёдеро эҷод мекунад ва хароҷоти зиёдеро талаб менамояд.»

Дар ҳамин ҳол Ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон хостори кӯмаку мусоидат дар ҳалли марбут ба интиқоли вагонҳои Тоҷикистон тариқи истгоҳи Хатлон шудааст.

Муҳаррама Мирзоалиева

Муҳаррама Мирзоалиева

Муҳаррама Мирзоалиева, раиси ин ҷамъият рӯзи сешанбе ба РО гуфт, «мо вазъияти мардуми вилояти Хатлонро омӯхтем. Рӯз аз рӯз вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо бад мешавад. Дар бозор низ нархҳо боло мераванд. Ба ин хотир аз раиси ҷумҳури Узбакистон мӯҳтарам Ислом Каримов хоҳиш дорем, ки барои ҳар чӣ зудтар ҳал шудани мушкили роҳи оҳани самти Хатлон кӯмаку мусоидат кунад.»

Афзун бар ин, ба таъкиди хонум Мирзоалиева, идомаи баста будани роҳи «Ғалаба - Амузанг» дар остонаи кишту кори баҳорӣ, ки вилояти Хатлон минтақаи кишоварзӣ аст, мушкилоти кишоварзонро бештар хоҳад кард.

Қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг» 16 ноябри соли гузашта баста шуда буд. Ҷониби Узбакистон он замон гуфта буд, ки дар ин қисмати роҳ таркиш ба амал омада ва пули иртиботӣ тахриб шудааст ва онро амали терористӣ арзёбӣ карда буданд.

Аммо баъдан хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид кард ва гуфт, ки "роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG