Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Сурия дастаҳои муқовуматро мешикананд


Фаъолон мегӯянд, нируҳои Сурия талош доранд, муқобилияти дастаҳои муқовуматро дар атрофи шаҳри Димишқ бишкананд. Ин дастаҳо аз самти шарқ ба ҳаволии шаҳр наздик мешаванд, маҳале ки қаблан дар контроли нируҳои зиддидавлатӣ қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки имрӯз Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи навро роҷеъ ба Сурия баррасӣ мекунад. Ин қатънома, ки пешнависи онро кишварҳои аврупоиву арабӣ таҳия кардаанд, аз нақшаҳои кишварҳои Ҷомеаи Араб ҳимоят мекунад. Вале Русия ба пешниҳоди кишварҳои Ҷомеаи Араб мухолиф аст. Дар остонаи баррасии ин қатънома Алан Жуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса чунин гуфт:

“Ба мо баъзе кишварҳо, ба вижа Русия монеа эҷод мекунанд ва аз тасвиби ҳамаи қатъномаҳо пешгирӣ мекунанд”.

Дар ин барнома аз президент Башор Асад даъват шудааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG