Пайвандҳои дастрасӣ

Ф.Саидов: "Аз таҳдид тарсе надорам"


Фаттоҳ Саидов, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод

Фаттоҳ Саидов, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фаттоҳ Саидов, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод.

Озодӣ: Аз он, ки Оҷонсии мубориза алайҳи фасод ҷинояти чанд тан аз кормандони боломақоми вазоратҳои қудратии кишварро ошкор кард, фикр мекунед нишонаи фасодзада будани ин вазоратҳост ва ё баёнгари фаъолияти беҳтари шумо?

Фаттоҳ Саидов: Ман фикр мекунам Агентии давлатии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ҳарчанд як ниҳоди ҷавон аст, аммо тавонист ба як қатор муваффақиятҳо дар самти ошкор кардани ҷароими коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ноил шавад. Дар паёми роҳбари давлат ба Маҷлиси олии ҷумҳурӣ аз 24-уми апрели соли 2011 мубориза бар зидди фасод ва ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат таъкид шудааст. Роҳбарияти агентӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунад, ки ин нуктаи паёми роҳбари давлатро сармашқи фаъолияташ қарор диҳад. Инҷо мехоҳам аз як лаҳза ёдовар шавам. Манзурам ин аст, ки гузориши ман ҳамчун роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки мақарри он дар шаҳри Парижи Фаронса ҷойгир аст аз тарафи масъулини ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ва коршиносон баҳои бисёр хуб гирифт. Баъде, ки маърӯзаи ман ба итмом расид, бисёре аз намояндаҳои кишварҳои хориҷӣ ва собиқ шӯравӣ суол мекарданд, ки “оё дар ҳақикат дар Тоҷикистон бо ҷурму ҷиноятҳои коррупсионӣ, барои мисол прокурори шаҳр, прокурори ноҳия дастгиршудаву дар ҷиноят даст доранд?” Ман гуфтам, оре дар ҳақикат чунин мавридҳо вуҷуд доранд ва исбот ҳам кардам. Ва таъкид кардам, ки дар Тоҷикистон касе, ки бо сӯиистифода аз вазифаи давлатӣ ҷиноят содир мекунад, ҳатман ӯ ҳам мисли дигарон дастгир карда хоҳад шуд. Зеро дар ҳисоботи намояндаи давлати Украина аз боздошти се судя дар робита ба фасодкорӣ дар давоми сол ва дар Русия бошад танҳо як судя нишон дода шуда ва дар гузориши намояндаи давлати Ӯзбакистон содир кардани чунин навъи ҷиноят (фасоду ришва) аслан ҷой надошт. Намояндаи давлати Қазоқистон гузориш дод, ки онҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони гумрук як нафарро дастгир кардаанд.

Озодӣ:То ҷое огоҳ шудем камбуди маблағ бештар дар вазорати энергетика ва саноати кишвар ошкор шудааст, оё масъулини ин соҳа ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд?

Фаттоҳ Саидов: Аз 15,6 миллион сомонӣ камбудии ошкоршуда дар вазорати энергетика ва саноат, зиёда аз 12 миллиони он ба ширкати холдингии “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад. Маводҳои ҷамъоваришуда айни замон дар сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мавриди санҷишу тафтиши пешакӣ қарор дорад. Бо анҷом ёфтани тафтишот, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодоти худро ирсол мекунем ва пешниҳоди мо бидуни чораҷӯии зарурӣ нахоҳад монд.

Озодӣ: Гуфта мешавад баъди ба кор шурӯъ кардани Палатаи ҳисоб, имкон дорад идораи шумо ё тағйири фаъолият кунад ва ё аслан аз байн биравад.

Фаттоҳ Саидов: Фаъолият ва доираи салоҳияти Палатаи ҳисоб аз Агентӣ фарқ дорад ва ҳеҷ рабте бо кори мо нахоҳад дошт ва ба кори мо ҳам халале ворид намекунад. Функсияҳои Палатаи ҳисоб аз тарафи роҳбарияти давлат муайян карда мешавад. Фикр мекунам функсияи Палатаи ҳисоб ба барномаҳои давлатие, ки ба соҳаи хоҷагидорӣ равона карда шудаанд, пиёда шавад, беҳтар аст

Озодӣ: Дар ин авохир Оҷонсӣ нафарони то андозае соҳибмақом ва нафарони наздик ба онҳоро дастгир кард. Шуморо таҳдид накарданд?

Фаттоҳ Саидов:То ба имрӯз хушбахтона мо ҳеҷ таҳдиде эҳсос накардаем. Аслан тарс ҳам надорем аз таҳдид. Мо аз тарафи давлат ва қонун ҳифз мешавем. Аз ин лиҳоз мо ба дудилагиву тарсуӣ роҳ нахоҳем дод. Касе, ки ҷиноят содир мекунад, дер ё зуд ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Озодӣ: Аммо бо онки ниҳоди зери роҳбарии шумо ин қадар мубориза мебарад, чаро давлати Тоҷикистон чанд сол мешавад, ки дар шумори даҳгонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷо дорад ва ҳанӯз ҳам ҷойи худро дар он тағйир надодааст?

Фаттоҳ Саидов: Хушбахтона имсол дар натиҷагирии созмони байналмилалии “Шаффофият”- Транcпаренси интернешинал, ки сатҳи фасодро дар давлатҳои дунё муайян мекунад, ҷумҳурии мо ду зина боло баромад. Ҳарчанд, ки дар байни 10 кишвари фасодзада ҳам ҷой дорем, аммо ин як дигаргунӣ ба самти хуб аст, ки имсол ду зина боло рафтем. Ба фикри ман ин муваффақият аст. Аз тарафи роҳбарияти сиёсии кишвар ҳам кӯшишҳои зиёд мешавад, то ки сатҳи фасод дар кишвар коҳиш ёбад. Шӯрои муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд, ки ҳоло 37 нафар аъзо дорад. Дар ин Шӯро тамоми роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ шомиланд. Роҳбарии ин Шӯроро сарвазири мамлакат, мӯҳтарам Оқил Оқилов бар дӯш доранд.

Озодӣ: Маркази тадқиқоти стротегии назди президенти Тоҷикистон чанде пештар натоиҷи назарсанҷии худро дар робита ба фасодкорӣ дар сатҳи давлат муаррифӣ кард, ки бинобар он худи Оҷонсӣ дар қатори идораҳои бештар фасодзада дохил шудааст. Ва дар байни мардум ҳам чунин сару садоҳост, ки агар пештар ба прокурор ё судя барои мисол ҳазор сомонӣ дода халос мешудӣ, барои кормандони оҷонсӣ панҷ ҳазор медиҳӣ. Ин ҳарфҳо ба шумо ҳам мерасанд?

Фаттоҳ Саидов: Албатта овозаҳо ҳастанд. Ман фикр мекунам, ки мақомоти мо низ орӣ аз камбудиҳо нест. Камбудӣ дар ҳама ҷо ҳаст, куҷое кор ҳаст, онҷо камбудӣ ҳам ҳаст. Кор ки мекунӣ, овоза ҳам пайдо ва паҳн мешавад. Дар давоми ин панҷ соли мавҷудияти оҷонсӣ, аз тарафи худи оҷонсӣ нисбати даҳ нафар кормандони он барои содир намудани ҷиноятҳи коррупсионӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шудаанд. Аз ҷониби худи ман дар соли гузашта нисбати сармуфаттиши Раёсати назорати давлатии молиявӣ бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд барои гирифтани 4000 доллар гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд ва ӯро бо ҳукми додгоҳ барои шаш сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Чӣ тавре, ки роҳбари давлат дар паёми солонаашон таъкид кард, корманди оҷонсӣ бояд аз ҳама тозатар бошад ва мо ҳам кӯшиш дорем ин умеди сарвари давлатро бароварда созем. Рафтори шахсии мо бояд намунаи ибрат барои дигарон бошад.

Озодӣ: Бархе аз таҳлигарону коршиносон бар он назаранд, ки фасод дар кишвари мо барои он гӯиё авҷ гирифтаву реша давонидааст, ки мансабҳои калидии кишвар дар дасти намояндагони як маҳал, яъне Данғара мебошанд ва ҳамдигарро мешиносанд, хешу таборанд. Назари Шумо дар ин бора чӣ аст?

Фаттоҳ Саидов: Ин фикри комилан ғалат аст. Дар ҷумҳурии мо он қадар идораҳои зиёд ҳам нестанд, балки ангуштшумор ҳастанд. Ҳар як фарди ҷомеа бояд бо ақли худ хулоса кунад, ки дар кадом роҳбарияти вазорату кумитаҳо махсусан мардуми як маҳал ҷамъ шудаанд. Ҳамин маҳалбозӣ фақат дар мо ҳаст, ки мо аз пайи маҳалбозиву маҳалчигӣ мегардем. Агар шахс қудрат, салоҳият, саводу дониши кофӣ дошта бошад, пас барои чӣ дар сатҳи роҳбарии ин ё он идора набошад. Ин хоси фақат мардуми мо аст, ки камбудии худро надида камбудии дигаронро меҷӯянд. Кор танҳо бо насиҳат буд мешуда бошад, хеле осон аст. Аммо ин тавр нест. Бубинед дар дохили шаҳри Душанбе агар як сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ё ягон прокурори ноҳия иваз шавад, давоми як моҳ ҳама дар бораи он гап мезананд, муҳокима мекунанд. Коргарро бояд аз рӯи кораш, саводу тахассусаш баҳо диҳӣ, на ба хотири аз кадом маҳал будананаш. Барои чӣ мисол дар Русия чунин намекунанд ва намегӯянд, ки фалон вазир аз он маҳал асту фалон вазир аз маҳалли дигар ва мавриди муҳокима қарор намегирад, ки ин аз куҷо асту он аз куҷо аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҳарфҳо ҳеҷ вақт боиси пешравии мо намешавад.
Фаттоҳ Саидов, генерал-майори адлия. Соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултети иқтисодии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ кардааст. Сипас мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994 -1995 барои кор ба шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаиТоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара таъйин мешавад. Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳи иқтисодии Идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG