Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дар ҳодисаи нақлиётӣ 5 нафар ҷон доданд


Бино ба хабари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар шимоли ин кишвар дар роҳи миёни Душанбе-Хуҷанд дар як ҳодисаи нақлиётӣ 5 нафар кушта шудаанд ва 5 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол додаанд. Ин ҳодиса дар маҳалле бо номи Сафедорак дар километри 123 роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст. Ду мошин ба ҳам бархӯрдаанд ва яке аз онҳо аз роҳ берун ва ба ҷарӣ ба рӯдхона сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG