Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони испанизабони Эрон ба кор оғоз кард


Сафҳаи интернетии HispanTV-и Эрон
Сафҳаи интернетии HispanTV-и Эрон
Маҳмуд Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон ба таври расмӣ шабакаи хабарии телевизионро ба забони хориҷӣ ифтитоҳ кард. Ин шабака 24 соат, яъне ба таври шабонарӯзӣ барои испанизабонон дар саросари ҷаҳон барнома пахш мекунад. Ин шаъбакаи телевизионӣ HispanTV ном дорад ва аз тирамоҳи соли гузушта пахши барномаҳои озмоишии худро аз Теҳрон оғоз карда буд. Дар он рӯзноманигорон аз Эрону Испания ва Амрикои Лотин кор мекунанд. Қабл аз ин дар Эрон шабакаи телевизионии Press TV ба забони англисӣ ба фаъолият шурӯъ карда буд. Эрон ҳамчунин шабакаи телевизионии арабизабонро бо номи Ал Алам ва се барномаи дигарро ба забонҳои туркиву фаронсавӣ ва урду сармоягузорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG