Пайвандҳои дастрасӣ

ША СММ баррасии қатъномаи нави Сурияро оғоз мекунад


Имрӯз Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи навро роҷеъ ба Сурия баррасӣ мекунад. Ин қатънома, ки пешнависи онро кишварҳои аврупоиву арабӣ таҳия кардаанд, аз нақшаҳои кишварҳои Ҷомеаи Араб ҳимоят мекунад. Ҳадафи ин нақшаҳо қатъи нооромиҳои 10 моҳа дар Сурия аст, ки режими Башор Асад саркӯбии тазоҳуроти эътирозиро ҳадаф қарор додааст. Набил ал Арабӣ-Дабири кулли Ҷомеаи Араб ва Шайх Ҳамад бин Ҷосим ал Танӣ-нахуствазири Қатар дар бораи барномаҳои Ҷомеаи Араб дар Шӯрои Амният гузориш хоҳанд дод. Дар остонаи баррасии ин қатънома Алан Жуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса чунин гуфт:

“Ба мо баъзе кишварҳо, ба вижа Русия монеа эҷод мекунанд ва аз тасвиби ҳамаи қатъномаҳо пешгирӣ мекунанд”.

Дар ин барнома аз президент Башор Асад даъват шудааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG