Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағироти сохторӣ ва кадрӣ дар ҳизби Р. Зоиров


Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров
Дар Душанбе пленуми Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба хабари расонаҳо, дар он 10 масъала, аз ҷумла масъалаҳои кадрӣ ва сохторӣ дар раҳбарияти он баррасӣ шудааст. Шодавлат Шонусайриев, Дилбар Расулова ва Мавзуна Каримова котибони Шӯрои сиёсӣ дар бахшҳои мухталиф интихоб шуданд. Шӯҳрат Қудратов раиси кумитаи иҷроӣ ва Парвина Ҷӯраева котиби Шӯрои сиёсӣ баргузида шудаанд. Диловаршо Ҷӯраев Котиби умумӣ, Дилбар Самадова, Амният Абдуназаров ва Шӯҳрат Қудратов мақоми ҳамраисони ҳизбро ишғол карданд. Раҳматулло Зоиров дар мақоми худ, яъне раҳбари ҳизб боқӣ монд.
XS
SM
MD
LG