Пайвандҳои дастрасӣ

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади тарғиби дастовардҳои илмии фанни анатомия, озмуни «Беҳтарин шеъри анатомӣ»-ро эълон кардааст.

Ҷустуҷӯву дарёфти вожаҳои мувофиқи тиббӣ ва ҳамзамон татбиқи «Қонун забони давлатӣ» аз аҳдофи дигари ин озмун унвон шудааст. Барои барандагони озмун 5 мукофоти пулии аз 500 то 2 000 сомонӣ эълон карда шудааст.

Баъзе аз шоирони тоҷик ин иқдомро пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, ки азбаски дар оянда донишҷӯёни ин донишгоҳ бо мардум сару кор доранд, бояд бо забону истилоҳ ва ибораҳои тиббӣ огоҳии хуб дошта бошанд. Баъзе аз донишҷӯён донистани истилоҳҳои бадани инсонро, ки дар дарсҳои амалӣ бештар рӯ ба рӯ мешаванд, зарур мешуморанд.

Ба истилоҳ забони тоҷикӣ дар фарогирии илми анатомия ва физиологияи инсон ҳамчун фанни таълиму тадрис дар донишгоҳову омӯзишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон маҳдудият дорад. Ҳангоми дарсҳои амалӣ, донишҷӯён ва устодон дар пайдо кардани истилоҳи тоҷикии узвҳои бадани мушкилӣ мекашанд.

Шодмон Аҳмедов, мудири шуъбаи муносибат ба ҷомеаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки пораҳои назм имкон медиҳад, ки донишҷӯ беҳтар узви инсонро дар ҳофизааш нигоҳ дорад: «Вақте ки донишҷӯ китобро пайҳам мехонад, ба моҳияти масъала зуд сарфаҳм намеравад, вале як пораи шеърии тасвири узви бадан имкон медиҳад, ки беҳтар мутаваҷҷеҳ шавад. Ҳоло чандин нафар шеърҳои худро барои озмун пешинҳод кардаанд.»

Ҷаноби Аҳмадов меафзояд, беҳтар аст, ки шоирони ҳирфаӣ ба озмун ҷалб шаванд, зеро баёни зебо ва шеъри расо бо тасвири узвҳои бадани инсон барои устоду шогирд муфидтар аст.

Дар Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ба ин озмун бо як таваҷҷуҳи хос назар мекунанд. Мегӯянд, ки ҳарчанд тасвири узвҳои бадани инсон мавзуии нав нест, вале хос дар бахши анатомия ва физиологияи инсон овардани шеър кори саҳл ҳам нахоҳад буд.

Узви иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон шоира Нуқраи Суннатниё мегӯяд; "Ҳарчанд ин мавзӯъ нав нест, вале дар адабиёти ҳазорсолаи мо бисёр тасвирҳое ҳаст, ки дар бораи пову дасту нохуну чашму зулфи маҳбуба гуфта шудааст, вале ҳоло адабиёт дар таҳаввулот аст ва истилоҳҳои нав барои ғанисозии адабиёт ва соҳаи тиббӣ кӯмак мекунад ва ба гуфтаҳои шоирони пешин вожаҳои ҷадидро ворид кунем аз ҳар ҷиҳат хуб аст."

Баҳодур Сафаралиев, донишҷӯи соли чаҳоруми донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки омӯзиши анатомияи инсон дар факултаи онҳо тақрибан ба таври амалӣ сурат мегирад ва онҳо ба донистани истилоҳҳои дурусти узвҳои бадан, ба забони тоҷикӣ ниёз доранд.

Вай меафзояд, ки бо шеър ва ё пораҳои хурдӣ назмӣ дар бораи чашму абруву гушу лабону дандон бисёр навишта шудааст, вале доир ба узвҳои дарунии инсон тақрибан тасвирҳо кам пайдо мешавад.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон тасмим дорад, ки озмуни барои "беҳтарин шеъри анатомӣ"- ро дар моҳи марти соли равон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз ҷамъбаст кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG