Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният имрӯз вазъи Сурияро баҳс мекунад


Башор Асад бо ҳамсараш Асмо

Башор Асад бо ҳамсараш Асмо

Шӯрои Амнияти СММ имрӯз ба баррасии тарҳи қатъномаи нави Сурия шурӯъ мекунад. Тарҳи Лигаи Араб, ки аз сӯи кишварҳои арабиву аврупоӣ ҳимоят мешавад, ба хотири хатми хушунатҳо интиқоли қудрат аз раисиҷумҳур Башор Асад ба ноибашро дар бар мегирад. Аммо Русия, ки соҳиби ҳаққи ветост, бархе бандҳои ин тарҳро баҳсбарангез хондааст. Ба ҳисоби СММ, тайи 10 моҳи эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия беш аз 5400 тан кушта шуданд. Қарор аст, вузарои хориҷаи Амрикову Бритониё ва Фаронса ба хотири таъмини ҳимоят аз тарҳи қатъномаи нав имрӯз ба Ню-Йорк бираванд.
XS
SM
MD
LG