Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири пешини Руминия маҳкум ба зиндон шуд


Адриан Настасе

Додгоҳи олии Руминия сарвазири собиқ Адриан Настасеро бо ҷурми фасод ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм аз азми қотеъи Бухарест ба узвияти ИА дарак медиҳад, ки то ҳол барои муҷозоти ками мақомоти аршади фасодкораш интиқод мешунид. Настасе иттиҳоми фасодро радд мекунад ва то бозбинии ҳукмаш дар озодӣ хоҳад монд.
Адриан Настасеро, ки аз соли 2000 то 2004 раҳбари кобинаи вазирони Руминия буд, дар сирқати дар маҷмӯъ 1,7 миллион евро муҷрим шинохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG