Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсии забони давлатӣ дар Латвия


Латвия дар як раъйпурсии саросарӣ масъалаи забони дуввуми давлатӣ кардани забони русиро ҳалл хоҳад кард. Русзабонҳо тақрибан сеяки 2 миллион аҳолии Латвияро ташкил мекунанд, ки як мероси 50 соли султаи коммунистҳои рӯ ба Маскав аст. Русзабонҳо шикоят доранд, ки ҳангоми пазируфтан ба шаҳрвандии Латвия ё зимни ҷустуҷӯи кор онҳоро аз забони латишӣ имтиҳон мегиранд. Ҳизби мухолифи русгаро дар интихоботи моҳи сентябр комёб шуд. Аммо бино ба хабарҳо, баъид аст, ки дар раъйпурсӣ беш аз 50 фоизи мардум аз пешниҳоди забони давлатӣ кардани забони русӣ ҳимоят кунанд.
XS
SM
MD
LG