Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Обама бо Саакашвилӣ дар Кохи Сафед


Барак Обама ва Михаил Саакашвилӣ дар Кохи Сафед

Барак Обама ва Михаил Саакашвилӣ дар Кохи Сафед

Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Гурҷистон Барак Обама ва Михаил Саакашвилӣ дар Кохи Сафед имкони тасвиби паймонҳои ҳамкории амниятӣ ва тиҷорати озод байни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Обама гуфтааст, Паймони тиҷорати озод бо Тифлис имконест, ки аз он ҳарду кишвар бурд хоҳанд кард. Саакашвилӣ гуфт, ин паймон ба пешрафти Гурҷистон ҳамчун давлат мусоидат хоҳад кард. Обама ҳамчунин бори дигар ҳимояти Амрико аз азми қадими Тифлис барои пайвастан ба паймони низомии НАТО-ро такрор кард. Интизор меравад, мавзӯъи узвияти Гурҷистон моҳи май дар нишасти сарони НАТО дар Чикаго баҳс шавад.
XS
SM
MD
LG