Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Кобул ба гуфтугӯи мустақим бо Толибон


Кобул қасд дорад, дар ҳафтаҳои наздик бо Толибон музокироти мустақими сулҳ доир кунад. Як мақоми аршади афғон бидуни бурдани ном дар Кобул таъйид кард, ки мулоқоти мақомот бо бархе гурӯҳҳои хоҳишманди пайвастан ба раванди сулҳ дар Арабистони Саудӣ барномарезӣ шудааст. Мақомоти расмии Афғонистон ин хабарро тасдиқ ё радд накардаанд. Аммо узви Шӯрои олии сулҳ Исмоил Қосимёр гуфт, ӯ нисбат ба тадвири базудии музокироти сулҳ бо Толибон дар Саудия ё Туркия “хеле хушбин” ҳаст. Толибон қаблан барои гуфтугӯ бо Амрико дар Қатар дафтар кушоданд.
XS
SM
MD
LG