Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон Лигаи миллии футбол ташкил шуд


Кумитаи иҷроияи Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи имсолааш ба ташкили Лигаи миллии футбол қарор кард. Ин лига ҷойгузини мусобиқоти лигаи олӣ ва аввали футболи Тоҷикистон хоҳад шуд. Қарор шуда, ки мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи кишвар бо ҷалби эҳтимолан 14 тим ба ҷои 4 давраи қаблӣ танҳо дар 2 давра доир шавад. Дар поёни соли гузашта Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муассиси тими “Истиқлол”-и Душанбе раиси Федеросиюни футболи ин кишвар интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG