Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як афсари тоҷик бо иттиҳоми қочоқ


Як афсари вазорати дифоъи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шудааст. К.С. муовини сиёсии фармондеҳи як қисми низомӣ дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз буд. Ӯ дар рӯзҳои охир севумин афсари тоҷик аст, ки бо чунин иттиҳом дастгир мешавад. Қаблан як афсари кумитаи ҳолоти изтирорӣ ва ҳам Фаридун Умаров, раҳбари бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддири милисаи ноҳияи Фархор ва бародари муовини вазири амнияти Тоҷикистон ба дасти мақомот афтоданд. Ин маворид боис шуд, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҳамдастии мақомоти интизомии кишвар дар қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG