Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Рибин, гузоришгари ҳафтаномаи “Бизнес и политика”-и чопи Душанбе, ки рӯзи 20 январ дар Сурия ғайб зада буд, ахиран аз Туркия аз худ дарак додааст. Ҷамшед Улмасов, сардабири “Бизнес и политика” ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки Рибин дар як номаи электронӣ хабар дода, ки зиндаву саломат аст ва азми рафтан ба Гурҷистон барои дидани ҳаёти он кишварро дорад. Александр Рибин 11 рӯз пеш дар шаҳри Лозиқияи Сурия бенишон шуд ва масъулини нашрия ба хотири ҷустуҷӯи ӯ ҳатто ба мақомоти дипломатии Русия муроҷиат карданд. Рибин зодаи Владивосток буда, барои “Бизнес и политика” низ гузориш менавишт.
XS
SM
MD
LG