Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ тарҳи бурунрафт аз бӯҳрони Сурияро баррасӣ мекунад


Имрӯз Лигаи кишварҳои араб тарҳи бурунрафт аз бӯҳрон дар Сурияро ба СММ пешниҳод кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Зеландияи нав гуфт, ки баррасии тарҳи Лигаи кишварҳои араб авоили ҳафтаи оянда сурат мегирад. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки қабл аз баррасии тарҳ аъзои Шӯрои амният бояд бо гузориши Лига ошно шаванд ва аммо ин гузориш то ҳол дастрас нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бар пояи хабарҳо, хушунат дар Сурия идома дорад. Имрӯз бар асари даргириҳо дар канори шаҳри Димишқ дасти кам 9 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия ба хабаргузории DPA гуфтанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ 45 тан аз ҷонибдорони мухолифинро дастгир карданд. Айни ҳол, ба гуфтаи онҳо, сарбозони ҳукуматӣ дар канори роҳҳое, ки сӯи фурудгоҳи байнулмилалии Димишқ мебаранд, мустақаранд.

Хабаргузории расмии SANA иттилоъ дод, ки террористҳо дар вилояти Ҳумс, воқеъ дар маркази кишвар, лулаи интиқоли газро таркониданд.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия манотиқи шарқии канори Димишқро дубора таҳти назорати худ қарор доданд. Ин мавзеъҳо, аз ҷумла, маҳаллаи Гутаро низомиёни Артиши озодихоҳи Сурия, ниҳоди пуштибон аз мухолифини ҳукумат, ишғол карда буданд.Барои таҳти назорат гирифтани ин мавзеъҳо даҳҳо тонку зиреҳпӯшҳо фиристода шуданд.

Ба иттилои мухолифин, рӯзи якшанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар сартосари Сурия дасти кам 60 тан аз ширктдорони намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Башор Асад ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG