Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул мустақиман бо "Толибон" музокирот мекунад


Толибони собиқ ба сафи нерӯҳои ҳукуматӣ мепайванданд
Толибони собиқ ба сафи нерӯҳои ҳукуматӣ мепайванданд
Мақомоти Афғонистон мехоҳанд музокирот мустақим бо толибонро шурӯъ кунанд. Як мансабдори воломақоми афғон изҳор намуд, ки қарор аст ин гуфтушунид дар Арабистони саудӣ баргузор шавад. Ва аммо ин хабарро дафтари раисиҷумҳури Афғонистон ва вазорати умури хориҷии кишвар тайид накарданд.

Дар ҳамин ҳол Исмоил Қосимёр, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон,низ ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ба зудӣ ҳайатҳои ҳукуматӣ ва ҷунбиши "Толибон" дар Арабистони саудӣ ё Туркия сари гуфтушунид менишинад.

Ба гуфтаи ӯ, ин муколама бо музокироти муқаддамотӣ миёни ИМА ва "Толибон" дар Қатар ҳеҷ пайванде надорад.
XS
SM
MD
LG