Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Аврупои шарқӣ бар асари бориши зиёди барф ва ҳавои сард даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар Украина, ба иттилои расмӣ, рӯзҳои ахир аз сардии ҳаво 18 нафар ҷон бохтанд, беш аз 500 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар Лаҳистон тайи се рӯзи ахир ҳарорати ҳаво то26 дараҷа сард шуд ва ин мунҷар ба ҳалокати дасти кам 10 нафар шуд. Дар Сербия се нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар ғайб заданд, дар 14 минтақа бар асари сардӣ вазъи фавқулодда эълон шудааст. Дар бахши аъзами қаламрави Булғористон ҳам ахиран вазъи изтирорӣ эълон шуд.

Дар шарқи Ҷумҳурии Чех ҷасади беҷони як марди 26-сола ошкор гардид.
XS
SM
MD
LG